расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САФОРАТ: ДАР САДАМАИ ТАМБОВ ДУ ТОҶИК КУШТА ВА СЕ ТОҶИКИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

САФОРАТ: ДАР САДАМАИ ТАМБОВ ДУ ТОҶИК КУШТА ВА СЕ ТОҶИКИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД

САФОРАТ: ДАР САДАМАИ ТАМБОВ ДУ ТОҶИК КУШТА ВА СЕ ТОҶИКИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД 
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик ва ҷароҳат бардоштани 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар садамаи мудҳиши рӯзи 22 августи соли 2023 дар вилояти Тамбов тасдиқ кард. Дар он садама дар умум 4 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар иттилоияаш гуфт, аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд.
Ҳамчунин, омадааст, дар иттилоия, бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардиданд.
Сафорат  гуфт, дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи Тамбов ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.