расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАМАР АЗИЗОВ – ЯК ЧЕҲРАИ АСОСӢ ДАР РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ КИСТ?

Асосӣ / Ҳаводис

ҚАМАР АЗИЗОВ – ЯК ЧЕҲРАИ АСОСӢ ДАР РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ КИСТ?

ҚАМАР АЗИЗОВ – ЯК ЧЕҲРАИ АСОСӢ ДАР РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ КИСТ?
Яке аз нахустин нафароне, ки дар пайи рабудан ва қатли бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев зери шубҳа қарор гирифт ва боздошт шуд, Қамар Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд. Қамар Азизов инак қариб ду моҳ боз дар ҳабс қарор дорад ва писари ӯ Билол Азизов, ки дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” кор мекард, баъди боздошти падараш аз кор ронда шудаву чандин дафъа дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадотарини моҳҳои ахир таҳти бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Манобеи гуногуни наздик ба ҷараёни тафтишоти парвандаи рабудани Шуҳрат Исматуллоев ба пойгоҳи хабарии  гуфтанд, ки Қамар Азизов дар баробари раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Рустам Холиқов, ки моҳи март, ҳанӯз то рабудани Исматуллоев барои ҷиноятҳои коррупсионӣ боздошт шуда буд, яке аз чеҳраҳо, ё фигураҳои калидӣ дар ин қазияи одамрабоӣ ва куштор дониста мешавад.
Қамар Азизов аз хонаводаи ҳунармандони маъруф Қайсу Достону Зулфиқор Азизовҳо буда, бародари асосгузорони гуруҳи дар вақташ овозадори “Анис” мебошад, вале ба фарқ аз бародарони овозхонаш асосан ба тиҷорат машғул будааст.
Қамар Азизов аз ҷумла бо Шуҳрат Исматуллоев тиҷорати хонасозӣ дошт ва ба гуфтаи як манбаи “Бомдод”, маҳз ӯ ба одамрабоён дар бораи бо биткоин маблағи зиёд ҷамъ овародани ин шарики тиҷоратиаш маълумот додааст.  Бино ба як фарзия, сабаби ба ин роҳи каҷ рафтани Қамар Азизов гӯё ба маблағи 3 миллион доллар қарздор шуданаш аз Шуҳрат Исматуллоев гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.