расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Санаи дидори Раҳмону Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов дар Ишқобод маълум шуд

Асосӣ / Президент

Санаи дидори Раҳмону Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов дар Ишқобод маълум шуд

Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар он раиси ҷумҳури Ӯзбекистон низ ширкат хоҳад кард, ба Туркманистон меравад

Дар Ашқобод мулоқоти президентҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва кишвардори Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов баргузор мешавад.
Санаи дақиқро рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан" эълон кардааст.
Гуфта мешавад, ки музокироти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 4 август баргузор мешавад.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки раисҷумҳури кишвар дар ин нишаст ҳузур пайдо мекунад.
Ба ин тартиб, дар равобити дуҷонибаи Душанбе ва Ашқобод масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ об ва муҳити зист аз мавзӯъҳои муҳими баҳс хоҳанд шуд. 
Нишасти сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар Ишқобод баргузор мешавад ва масоили тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ хоҳад шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дарпешистода санад ба имзо хоҳад расид.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин чунин формати нишасти сарони се кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки тахмин меравад бештар сари масоили иҷтисодӣ ва амнияти марзҳо суҳбат шавад.
Ин се кишвар минтақа марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон доранд, ки афзоиши хатарҳо аз он сӯӣ марз онҳоро нигарон кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.