расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БЛОГЕРИ ТОҶИК “СНИКЕРСЧА” ШАВҲАР КАРД ВА ҲОЛО ҲИҶОБПӮШУ НАМОЗХОН ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

БЛОГЕРИ ТОҶИК “СНИКЕРСЧА” ШАВҲАР КАРД ВА ҲОЛО ҲИҶОБПӮШУ НАМОЗХОН ШУДААСТ

БЛОГЕРИ ТОҶИК “СНИКЕРСЧА” ШАВҲАР КАРД ВА ҲОЛО ҲИҶОБПӮШУ НАМОЗХОН ШУДААСТ 
Блогери 19-солаи тоҷик Фотима Қурбонова, ки бо тахаллуси “Сникерсча”  ва видеоҳои пур аз дашномаш ном бароварда буд, дар саҳифааш дар Инстаграм навори тӯйи арӯсиашро нашр кард. Маросими ақди никоҳи “Сникерсча” ва ҷавони интихобкардааш рӯзи 30 июли соли 2023 баргузор шудааст ва садҳо нафар ба ин ҷуфти ҷавон орзуи хушбахтӣ, зиндагии ширин ва ба пои ҳам пир шудану соҳиби фарзандони дӯстрӯ шудан кардаанд.  Дар видеои нашркардаи худи блогер дида мешавад, ки ӯ либоси арӯсӣ (фата) бо риояи меъёрҳои мусалмонӣ, яъне бо ҳиҷоб пӯшидааст. Бисёриҳо ба ин ҷавон барои ин кори савоб, яъне ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ин духтар офарин хондаанд. “Дидед, ки марде хоҳад, ягон чиз пеши раҳашро намегирад”, - навиштааст корбари дигар.
Канали “Шоу ситораҳо” дар Ютуб хабар дод, ки тӯйи “Сникерсча” дар Маскав баргузор шудааст ва дар он аз ситораҳои шинохта Шабнами Сурайё иштирок доштааст.
Худи арӯс дар бораи шахсияти домод маълумоте надодааст, вале “Шоу ситораҳо” хабар дод, ки ин ҷавони хушсимо хеле тақводор буда, маҳз ӯ баъди ба даст овардани  дили “Сникерсча” тавонистааст ӯро ба роҳи дуруст, аз ҷумла ба даст кашидани аз видеоҳои “бемаънӣ”, пӯшидани ҳиҷоб, хондани “Қуръон” ва хондани намоз моил кунад. “Сникерсча” қаблан бо чеҳраи фотошопшуда зери ягон мусиқӣ мерақсид ваё бо ягон ибораи, ба қавли маъруф, “сексӣ”, вале дар асл бо дашномҳои қабеҳ бкӯшиш мекард, ктаваҷҷуҳи тамошобинонро ба каналҳои худ ҷалб кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.