расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ МАСКАВ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАРОИ БА Ӯ ЭРОД ГИРИФТАНАШ ТИРБОРОН КАРДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

СОКИНИ МАСКАВ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАРОИ БА Ӯ ЭРОД ГИРИФТАНАШ ТИРБОРОН КАРДААСТ

СОКИНИ МАСКАВ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БАРОИ БА Ӯ ЭРОД ГИРИФТАНАШ ТИРБОРОН КАРДААСТ
Шоми 27 июли соли 2023 дар қасабаи Северное Чертановои шаҳри Маскав як сокини 45-солаи пойтахти Русия як муҳоҷири 23-сола аз Тоҷикистонро аз туфангчаи травматикӣ тирборон кардааст. Фақат барои он ки ин муҳоҷир аз сокини Маскав, ки раҳ ба раҳ шароб менӯшиду қатраҳои шаробаш ба тану либоси ин муҳоҷир низ чошид, хостааст, беадабӣ накунад.
Бино ба иттилои нашрия МК.РУ,  шоми панҷшанбе, 27 июл, наздики соати 21:00, ҷавони тоҷики сохтмончӣ дар ҳавлии биное, ки тармим мешуд, дар назд яке аз мошинҳо истода буд. Сокини Маскав дар ин лаҳза масту аласт ва шишаи шампан дар даст аз назди ӯ гузашт ва қатраҳои шароб аз шиша пош хӯрда, ба бадани ҷавон ва мошини ӯ расидааст.
Муҳоҷири тоҷик ба ин рафтори сокини Маскав эрод гирифтааст. Он мард дар ҷавоб гуфтааст, ки дар зиндагиаш ӯ ҳар коре ки хост, мекунад ва касе ба вай кордор нашавад. Мард баъди ин масту аласт ба роҳаш идома дода, ба хонааш рафтааст.
Вале маълум шуд, ки ӯ дар дил кина гирифта будааст, зеро баъди чанде пистолет ё туфангчаи травматикӣ дар даст аз хона берун омада, аввал ба ҳаво чанд тир зада, сипас мили силоҳро ба тарафи ҷавони тоҷик гардонда, чанд тири дигар тарафаи ӯ задааст. Ҷавони тоҷик аз қисмати қафаси сина ва шикамаш тир хӯрда, ба замин афтодааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.