расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ШАВҲАРИ БАДҶАҲЛ ДАР ҒАФУРОВ ҲАМСАРИ ҶАВОНАШРО КОРД ЗАДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЯК ШАВҲАРИ БАДҶАҲЛ ДАР ҒАФУРОВ ҲАМСАРИ ҶАВОНАШРО КОРД ЗАДААСТ

ЯК ШАВҲАРИ БАДҶАҲЛ ДАР ҒАФУРОВ ҲАМСАРИ ҶАВОНАШРО КОРД ЗАДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли 2023 аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, марди 28-солаи қаблан ҳам зиндонишудаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, нимашаби 25-уми июли соли 2023, тахминан соати 23:30, бинобар сабаби нофаҳмиҳои ба миён омада, дар хонаи истиқоматии ҳамсараш, ҷавонзани 21-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз корд ба аъзои ҳаётан муҳими бадани ӯ  чанд зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Тафсилоти дигари ин ҳодиса оварда нашудааст. Дар бораи сабаби муноқишаи шавҳар бо ҳамсари ҷавонаш низ чизе ба ҷуз аз “бинобар сабаби нофаҳмиҳои ба миён омада” гуфта нашудааст. ВКД гуфт, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2014 бар асоси қисми дуюми моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии хидмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳ, ё ба истилоҳи дигар барои “дедовшина” зиндонӣ шуда буд.
Ба шавҳари бадҷаҳл барои расондани осеби вазнин ба саломатии ҳамсараш то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.