расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 10 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ХИСРАВ БОБОЗОДА

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

10 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ХИСРАВ БОБОЗОДА

10 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОДГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ХИСРАВ БОБОЗОДА
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июли соли 2023 бо имзои як фармон ва чанд амру қарорҳои ҳукумат дар сохторҳои додгоҳӣ ва давлатӣ як силсила тағйирот ба амал овард.
Аз ҷумла бо як фармони президент якбора 9 нафар дар низоми додгоҳӣ ба вазифаҳои баланд таъйин шуданд, ки муҳимтаринҳояш аз мақоми раиси додгоҳи гноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод шудану билофосила раиси додгоҳи шаҳри Душанбе таъйин шудани Зикирзода Лоиқ Хурсандқул, раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ таъйин кардани Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон ва аз аз вазифаи раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ таъин шудани Раҷабзода Ҳотам Назар аст.
Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июл ҳамчунин Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосимро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда, Ваҳобзода Абдураҳмон ва Абдухалилзода Кароматулло Абдухалилро муовинони раҳбари ин марказ таъйин кард. Ваҳҳобзода то имрӯз муовини раиси Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои ҳукумати Тоҷикистон буд.
Ҳамин тавр, Носирзода Ҷаббор аз вазифаи муовини вазири кишоварзӣ озод карда шуда,  муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Назарзода Машокир Фозил муовини вазири кишоварзӣ таъйин шуда, 
генерал Бобозода Хисрав Хоркаш низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Дар бораи сабаби барканорӣ ва ба кадом “кори дигар” гузаштани генерал Хисрав Бобозода иттилое ҳанӯз дар даст нест. Генерал  Хисрав Бобозода 49 сол дорад. Ӯ 19 августи соли 1974 ба дунё омада, қаблан фармондеҳи воҳид ё отряди махсуси бригадаи 7-уми десантии артиши Тоҷикистон ва чандин сол фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.