расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРКАНОРИИ САРДОРОНИ БДА ВА ТАЛАБИ АТТЕСТАТСИЯИ ҲАМАИ КОРМАНДОНИ ОН ДАР ПАЙИ ҲОДИСАҲОИ ПУРСАРУСАДОИ ОДАМРАБОӢ

Асосӣ / Ҷомеа

БАРКАНОРИИ САРДОРОНИ БДА ВА ТАЛАБИ АТТЕСТАТСИЯИ ҲАМАИ КОРМАНДОНИ ОН ДАР ПАЙИ ҲОДИСАҲОИ ПУРСАРУСАДОИ ОДАМРАБОӢ

БАРКАНОРИИ САРДОРОНИ БДА ВА ТАЛАБИ АТТЕСТАТСИЯИ ҲАМАИ КОРМАНДОНИ ОН ДАР ПАЙИ ҲОДИСАҲОИ ПУРСАРУСАДОИ ОДАМРАБОӢ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июли соли 2023 дар як қатор воҳидҳои сохтори вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал баровард. Ин тағйирот дар пайи чанд ҳодисаи пурсарусадои одамрабоист, ки моҳи июн дар пойтахт, шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, Қурбонзода Сӯҳроб Амиралӣ аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Мирзомуродзода Рустам ба ин мақом таъин гардид. Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода, ки қаблан сардори раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, моҳи феврали соли 2022, дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 аз ин мақом барканор ва муовини аввали сардори “Воҳиди махсус” таъйин шуда буд. Полковник Сӯҳроб Қурбонзода дар мақоми сардори раёсати БДА ҳатто як сол ҳам кор накард. Қурбонзода, ки 44 сол дорад, тоза 17 августи соли 2023 ба ин мансаб таъйин шуда буд.Аммо дар поёни моҳи июн, дар ҷаласаи ҷамъбастии моҳонаи ҳукумат президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба афзоиши ҷиноятҳои сангин ба шиддат аз фаъолияти БДА интиқод кард ва аз ҷумла ёдовар шуд, ки одамрабоёне, ки муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро дуздиданд, аз 11 рақами қайди давлатии гуногун истифода кардаанд ва кормандони БДА ягон боз онҳоро манъ ва ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш накардаанд. Ҳатто рӯзи рабудани Исматуллоев ва баъди куштан бурда, ба дарё партофтани ҷасади ӯ, одамрабоён аз чандин посгоҳи БДА убур кардаанд, вале касе онҳоро манъ ва мошинашонро тафтиш накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.