расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ду намояндаи мухолифинро дар Беларус боздошт кардаанд

. / Сиёсат

Ду намояндаи мухолифинро дар Беларус боздошт кардаанд

Лилия Власова

Дар ҳамин ҳол, оҷонси хабарии БелСат гузориш дод, ки як узви дигари Шӯрои ҳамоҳангсоз, ҳуқуқшинос Лилия Власова, рӯзи 24-уми август барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишоти Белорус даъват шуд.
Шӯрои ҳамоҳангсоз хабар дод, ки Олга Коволкова ва Сергей Дилевский субҳи 24-уми август боздошт ва дар ташкили намоишҳои ғайриқонунии эътирозӣ дар корхонаи тракторсозии Минск айбдор шудаанд.
Дилевский худ коргари корхонаи тракторсозӣ ва як мунтақиди шадидлаҳни президент Александр Лукашенко дар баробари мавриди таваҷҷӯҳи зиёди расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифтанаш таҳти фишори зиёди полиси маҳаллӣ мебошад.
Як шарики Ковалкова -- Денис Садовский ба Радиои Озодӣ гуфт, полис Шӯрои ҳамоҳангсозро огоҳ кард, ки ин ду нафар дар чаҳорчӯби як парвандаи маъмурӣ боздошт шуданд ва ба эҳтимоли зиёд ҷарима хоҳанд шуд.
Боздошти ин афрод рӯзе баъди он сурат гирифт, ки беш аз 100 ҳазор эътирозгар ба кӯчаҳои шаҳри Минск баромада, дар намоишҳои эътирозӣ ба зидди Лукашенко иштирок карданд. Ин яке аз намоишҳои охирини эътирозии сокинон буд, ки аз барандаи интихоботи президентӣ эълон шудани Александр Лукашенко дар рӯзи 9-уми август норозӣ мебошанд.
Эътирозҳо бо вуҷуди саркӯби бераҳмонаи мардум аз ҷониби полис ва ҳузури зиёди низомиён дар Минск ва ҳам ҳушдорҳои ахири артиши Белорус то рафт серодам мегузаранд. Дилевский гуфт, вақте дид, ки эътирозгарони зиёд дар боздоштгоҳи полис шиканҷаву азият шуданд, кормандони ширкати азими тракторбарориро ба ширкат дар эътирозҳо ташвиқ кард.
Дар ҳамовозӣ бо ӯ садҳо корманди корхона интихоботи нав ва озодии зиндониҳои сиёсиро тақозо карданд ва Дилевский як раҳбари ҳаракати эътирозгарон шуд. Лукашенко дар 26 соли раҳбарияш бо норизоияти бесобиқаи мардумӣ рӯбарӯ шудааст.
Рӯзи 21-уми август Дилевский ва вакили Тихановская Максим Знак ба қароргоҳи Кумитаи тафтишоти Белорус дар робита бо парвандаи ҷиноӣ ба зидди Шӯрои ҳамоҳангсоз ва иттиҳоми талоши ғасби ғайриқонунии қудрат даъват шуданд.
Ин ҳодиса баъд аз он рух дод, ки 21-уми август Знак дар як аризааш ба номи Додгоҳи олии Белорус хост, бо далели тақаллуби сартосарии интихобот натиҷаҳои он бекор карда шаванд.
Лукашенко аз низомиёни кишвар хост, дар ҳолати омодабош қарор бигиранд ва ин тасмими ӯ нигарониҳоро аз эҳтимоли саркӯбҳои бераҳмонаи эътирозҳои хиёбонӣ ба бор овард. Лукашенко дар рӯзҳои истироҳати ахир инчунин гуфт, аз 24-уми август корхонаҳои саноатиеро, ки дар эътирозҳо иштирок мекунанд, мебандад. Замоне ин корхонаҳо ҷонибдорони ӯ буданд.
РИА Новости рӯзи 22-юми август ба нақл аз Лукашенко навишт, “агар корхона кор намекунад, пас, аз рӯзи душанбе ба дараш қулф занед, бигузор баста шавад”. Ӯ афзуд, “мардум ором мешаванд ва мо тасмим мегирем, ки чӣ касеро ба кор даъват кунем”. Лукашенко изҳори умед кардааст, ки дар сурати ҳама гуна ихтилоф бо эътирозгарон дар Белорус Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба раҳбарии Русия аз ӯ ҳимоят мекунад.
Дар Литваи ҳамсоя рӯзи 24-уми август қарор аст Тихановская бо муовини котиби давлатии Амрико Стефан Биган мулоқот ва ҳалли мусолиҳатомези бӯҳрони атрофи интихоботи баҳсбарангези президентиро баррасӣ кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.