расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Гумонбари куштори як тоҷикистонӣ дар ИМА боздошт шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Гумонбари куштори як тоҷикистонӣ дар ИМА боздошт шуд

Зодаи Тоҷикистон ба ҳайси ронандаи автомашинаи боркаш кор мекард.

Мақомоти пулиси Стоктон (шаҳре дар Калифорния, ИМА) гумонбар ба куштори тоҷикистонӣ Илҳом Шодиевро ба ҳабс гирифт. Ӯ рӯзи 15 июн паронида шуда буд.
Тавре ки дар Twitter-и мақомоти пулиси Стоктон хабар дода мешавад, муфаттишон Эндрю Кристофер Уотсони 29-сола, сокини Мантекро боздошт кардаанд.
“Аз рӯи ин парванда чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ боздошт шудааст.
“Дар давоми ҳафтаи дигари пас аз куштор муфаттишон барои муайян кардани автомашинае, ки аз он тирпаронӣ шуда буд ва гумонбари ин кор, аз сабти камераҳои назоратӣ, нишондодҳои шоҳидон ва кумаки ҷомеа истифода бурданд. Баъдан санади ҷустуҷӯ таҳия гардида, субҳи 24 июн Уотсон боздошт шуд”, - омадааст дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки ронандаи автомашинаи боркаши Amazon, зодаи Тоҷикистон Илҳом Шодиев пас аз тирпаронӣ дар шоҳроҳи автомобилгард дар шаҳри Латропи Калифорния (ИМА) ба ҳалокат расид. Ҳодиса рӯзи 15 июн рух дода буд.
“Бар асари тирпаронӣ мошини боркаш бо ядак (притсеп) аз зери идора баромада, аз роҳ берун рафт ва ба ду мошини дар таваққуф қарордошта ва бинои маъмурӣ бархӯрд. Ронанда аз силоҳи оташфишон захм гирифта, ба бемористони ҳавзаи Сан-Хоакин интиқол дода шуд ва дар ҳамон ҷо ба ҳалокат расид”, - шарҳ дода мешавад дар хабари мақомоти пулиси Стоктон.
Қобили зикр аст, ки Илҳом Шодиев соли 2018 пас аз дарёфти корти сабз (грин-карта) ба Амрико муҳоҷират карда, ба ҳйфси ронандаи мошинҳои боркаши ҳамлу нақли бор ба масофаҳои дароз кор мекард. Ӯ ҳамсар ва ду фарзанди хурдсол дошт.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.