расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Президенти Тоҷикистон ба нишасти ИА - Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад

. / Президент

Президенти Тоҷикистон ба нишасти ИА - Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад

Нишаст дар шаҳри Чолпон-Ота, дар соҳили Иссиқ-Кӯл баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти “Иттиҳоди Аврупо (ИА) - Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи 2 июн дар Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Дар нишаст ҳамчунин сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон ширкат меварзанд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи кори нишаст вохӯрии дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба нақша гирифта шудааст. Дар бораи кадом масъалаҳоро баррасӣ намудани сарони кишварҳо хабар дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон хабар медиҳад, дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.