расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Эрон тасдиқ кард, ки таркиш дар муассисаи ҳастаии Натанз харобкорӣ буд

. / Ҷаҳон

Эрон тасдиқ кард, ки таркиш дар муассисаи ҳастаии Натанз харобкорӣ буд


Муассисаи Натанз, Исфаҳон. 2 июл

Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ки таркиш дар муассисаи калидии ҳастаии кишвар дар моҳи июл натиҷаи як харобкорӣ буд. Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи ин созмон дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Ал-Олам рӯзи 23 август гуфт, ки “таркиш дар муассисаи атомии Натанз натиҷаи фаъолиятҳои харобкорона аст ва мақомоти амниятӣ дар фурсати муайян ҷузъиёти марбут ба сабабҳои ин ҳодисаро шарҳ хоҳанд дод”. Эрон гуфт, ки сабаби сар задани таркиши рӯзи 2 июл маълум аст, вале бо далелҳои амниятӣ аз шаҳри ҷузъиёт худдорӣ кард. Дар бораи таркиши мазкур хабару шоеаҳои мухталифе нашр шуд ва эҳтимоли як тавтеа будани ин таркиш борҳо садо додааст. Таҳлилгарон тахмин мекунанд, ки дар пушти ин ҳодиса Исроил ваё ИМА буда метавонанд ва ҳадафашон ба ҳам задани фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон мебошад. Камолвандӣ дар сӯҳбатҳои худ нагуфт, ки то куҷо харобкории Натанз кори дасти дохилӣ ваё беруна буд. Натанз як маркази ғанисозии уран дар Эрон аст ва таҳти назорати Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ мебошад. Эрон дар посух ба хуруҷи ИМА аз созиши байналмилалии ҳастаӣ бо Эрон сентябри соли 2019 фаъолиятҳои ғанисозии уранро дар Натанз аз сар гирифт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.