Бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонидани 4 фарзанди ноболиғ аз ҷониби модар
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:00, зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони ноболиғи 9, 8, 6 ва 1-солаи худро, пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан бӯғи карда, ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати номбурда бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.