расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Боздошти марди 30-сола бо гумони дуздии чорвои майдаи шохдор

. / Ҷомеа

Боздошти марди 30-сола бо гумони дуздии чорвои майдаи шохдор


Ба ШВКД дар ноҳияи Темурмалик бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 2019, тахминан соатҳои 16 ба 17:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Л.Қармишев 13-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ҳамин ноҳия, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.