расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Омӯзгоре, ки номаш дар “Диссернет” баромад, аз унвони илмӣ маҳрум шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Омӯзгоре, ки номаш дар “Диссернет” баромад, аз унвони илмӣ маҳрум шуд


Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон унвони номзадии Зокирҷон Асроров, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бекор кардааст. Ин хабарро як манбаъ аз садорати донишгоҳ ба “Asia-Plus” тасдиқ кард.
Манбаъ афзуд, унвони илмии Зокирҷон Асроров бекор ва роҳбарияти донишгоҳ дар ин хусус огоҳонида шудаанд.
“Зокирҷон Асроров айни ҳол кушиш дорад кори илмии бекоршудаашро аз нав пажӯҳиш намуда, дигарбора унвони илмиро соҳиб шавад”, - гуфт як як манбаъи мо бо шарти ифшо нашудани номи хеш.Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд.
Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Зокирҷон Асроров ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.
Ҳамчунин, айни замон дар сомонаи расмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон вобаста ба бекор кардани дараҷаи илмии Зокирҷон Асроров ҳеҷ маълумоте ҷой дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, 10-уми ноябри соли равон, пойгоҳи “Диссернет” дар пайи таҳқиқоти хеш, тавсия дода буд, ки дараҷаҳои илмии Зокирҷон Асроров, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар бекор карда шаванд.
Он замон ин пойгоҳ навишта буд, ки Зокирҷон Асроров 8-уми апрели соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Институти тадқиқоти илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон зери роҳбарии Рустам Қудратов – вакили ҳозираи парлумони Тоҷикистон дифоъ кардааст.
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро ба асардуздӣ  ё рӯйбардори бинуи ишора ба манбаи аслӣ муттаҳам кард.
Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд, ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.