расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Аз муфтии Тоҷикистон то роҳбари “Толибон”. Кӣ ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон шомил шуд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Аз муфтии Тоҷикистон то роҳбари “Толибон”. Кӣ ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон шомил шуд?

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати нави «500 мусулмони бонуфуз барои соли 2023»-ро нашр кард, ки аз Тоҷикистон танҳо Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон шомили он шудааст.
Саидмукаррам Абдулқодирзода дар феҳрасти нави 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон дар зинаи 146-ум қарор гирифтаст. Ӯ соли гузашта дар зинаи 141-ум буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 7 соли пайиҳам дар ин рӯйхат зикр шуда буд, имсол исмаш дар рӯйхат нест. Дар феҳрасти қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон дар зинаи 133 қарор дошт.Дар ҳамин ҳол,  Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ки дар феҳрести солҳои гузашта набуд, имсол ба рӯйхат шомил шуда, дар зинаи 139-ум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, аз Қазоқистон низ бори аввал ду нафар - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар ва Димаш Кудайберген, овозхони машҳур шомил шудаанд, ки аввалӣ дар зинаи 183 ва дуюмӣ дар мақоми 138 ҷой гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, аз Афғонистон Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари “Толибон”* ба ин рӯйхат ворид шуда, дар зинаи 49-ум қарор гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.