расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бо дастури Дастгоҳи Президент вазорати маориф директорони мактабҳоро месанҷад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Бо дастури Дастгоҳи Президент вазорати маориф директорони мактабҳоро месанҷад


Имрӯз, 9-уми ноябр, дар Тоҷикистон санҷиш ё аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз мегардад. Санҷиши мазкур аз ҷониби вазорати маориф ва илм то 30-юми декабр гузаронида мешавад.
Бо мақсади иҷрои супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати маориф ва илми кишвар тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муайян намудани дараҷаи тахассус, маҳорати касбӣ ва ба вазифаҳои ишғолкарда мувофиқат намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аттестатсияи ғайринавбатии директорон баргузор намояд. Дар ин бора сомонаи расмии вазорат иттилоъ медиҳад.
“Аттестатсия аз ҷониби 9 гурӯҳи босалоҳият зери роҳбарии вазири маориф, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм баргузор мегардад. Инчунин, тибқи фармоиш сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ӯҳдадор шудаанд, ки тавсияномаҳои аттестатсияшавандагонро таҳия ва то баргузории аттестатсия ба комиссия пешниҳод намоянд”, - гуфта мешавад дар ин хабар.
Бояд гуфт, комиссияи аттестатсионӣ вазифадор шудааст, ки аттестатсияро бо риояи талаботи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуда, аз натиҷааш протокол ва ҳисобот омода намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Директори яке аз мактабҳои ноҳияи Синои пойтахт, бо шарти ифшо нашудани номаш, дар суҳбат ба АП тасдиқ намуд, ки аз баргузории аттестатсияи директорон огоҳ буда, ҳоло ба он омодагӣ мебинад.
"То ҷое хабар дорам, дар аттестатсияи навбатӣ аз мудирони муассисаҳои таълимӣ 400 калима бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм омода шудаанд, низ пурсида мешавад", - гуфт ин директор.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки зимни санҷиш дар мавриди ихтисоси доштаи директор, фанҳои ҳуқуқу таърих ва дигар саволҳое, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ ва кор бо кӯдакон рабт дорад, пурсида шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.