расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Чаро муҳоҷирон бояд тариқи хадамоти шуғл кор ҷустуҷӯ кунанд? Панҷ сабаб

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

Чаро муҳоҷирон бояд тариқи хадамоти шуғл кор ҷустуҷӯ кунанд? Панҷ сабаб


Зимни муҳоҷирати кории мустақилона ба дигар кишварҳо муҳоҷирони тоҷик метавонанд зери хатар қарор гиранд ё бо дигар таҳдидҳои манфии ҷаҳони муосир дучор шаванд, чунин мешуморад муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ.
Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати корӣ ба сохторҳои давлатии шуғл муроҷиат кунанд.
Ба гуфтаи муовини вазир, мушкилоти муҳоҷирони мо натанҳо дар надонистани забон, балки ҳамчунин дар он аст, ки ба суханҳои шахсии аввалин бор вохӯрда ё шиносашон бовар мекунанд ва аз ин рӯ, беҳтар аст муҳоҷир ба сохторҳое муроҷиат намояд, ки айни замон қонунӣ муҳоҷиронро ба кор мефиристанд.
Шаҳноза Нодирӣ панҷ далелро номбар кард, ки барои муҳоҷирон тавассути сохторҳои гуногуни давлати ҷойи кор пайдо кардан беҳтар аст.

Сабаби №1

Вақте ки шаҳрванди Тоҷикистон тариқи сохторҳои дахлдори давлатии шуғл масалан, ба Русия фиристода мешавад, ин сохторҳо масъулияти будубоши минбаъдаи ин тоҷикистониро дар дигар кишвар ба дӯш мегиранд.
Ва онҳо бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои бо кор таъмин шудани муҳоҷир вақти ба кишвари дигар омаданаш омода мекунанд.

Сабаби №2

Вақте ки муҳоҷир тавассути агентии шуғл барои кор ба хориҷи кишвар меравад, ӯ имкон дорад, ки ба таври фосилавӣ аз суҳбат гузарад.
Яъне дар ин сохтор ба таври фосилавӣ қарордод ё шартномаи меҳнатӣ омода мекунанд ва муҳоҷирро лозим намеояд, ки барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояш дар Русия вақту маблағи зиёди худро сарф кунад. Ӯ мушаххас хоҳад донист, ки ба куҷо ва бо кадом мақсад меравад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки мавҷуд будани шартномаи меҳнатӣ як воситаи ҳимояи муҳоҷир дар ҳолати риоя нашудани ҳуқуқҳои ӯ, ки ба пардохт нашудани музди меҳнат ё далелҳои ба ғуломӣ афтодани ӯ марбутанд.

Сабаби №3

Дар сурати муроҷиат ба агентӣ муҳоҷир барои ҷустуҷӯи кор вақт сарф накарда, ба мушкилоте, ки ҳангоми мустақилона ба муҳоҷират рафтанаш пайдо мешуданд, дучор намешавад. Зеро барои ҷустуҷӯи кор моҳҳо лозим омаданаш мумкин аст ва маълум ҳам нест, ки ӯ ҷойи кори хубу муносиб ёфта метавонад ва маҷбур мешавад, ки ба ҳама гуна кор розӣ шавад, то ки будубошу зиндагиашро таъмин созад.
Дар ин ҳолат ҳатто хатаре ҳам ҷой дошта метавонад, ки надониста ба ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ ҷалб шавад ё қурбони ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон гардад.

Сабаби №4

Аксар вақт дар пурсишномаҳои таъмин бо кор дар Русия, ки расмиёташ дар Тоҷикистон анҷом дода мешавад, банде ҳаст, ки дар он корфармо ҳамаи хароҷоти пулии муҳоҷирро ба дӯши худ мегирад. Яъне муҳоҷир барои билети ҳавопаймо ва расмиёти омода кардани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пул сарф намекунад.
Табиист, ки вақте муҳоҷир ба кор оғоз мекунад, аз музди меҳнаташ ҳамаи хароҷотро ба корфармо бармегардонад.
Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки корфармо дар шартнома банде илова мекунад, ки мутобиқи он агар муҳоҷир дар зарфи 1 соли фаъолият дар корхона қонуншиканӣ содир накунад, арзиши билети ҳавопаймо баргардонида намешавад.
Ин ҷо зикр кардан бамаврид аст, ки агар дар шартнома пардохти маблағи сафар ва омода кардани ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби корфармо зикр шуда бошад, ин бар асоси механизми кафилӣ анҷом дода мешавад.
Кафил аз ҳисоби хешовандони наздики муҳоҷир интихоб шуда, уҳдадор мешавад, ки дар ҳолати аз ҷониби муҳоҷир иҷро нашудани уҳдадориҳояш, хароҷоти корфарморо ҷуброн мекунад.
Чунин ҳолатҳо бисёр вақт бо дахолати “шиносҳо” ба миён омада, ин шахс бо ваъдаи ҷойи кори хубу маоши баландтар муҳоҷирро ба тарки ҷойи кор водор месозад. Ва агар муҳоҷир аз кор равад, мутаносибан шартҳои шартномаро риоя намекунад.

Сабаби №5

Таъминот бо нафақа. Ҳамаи сохторҳои давлатии Тоҷикистон, ки ба таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор дар хориҷи кишвар машғуланд, муҳоҷиронро назди корфармоҳое мефиристанд, ки фаъолияти худро қонунӣ ба роҳ мондаанд. Ин маънои онро дорад, ки барои нафақаи муҳоҷир низ маблағ гузаронида мешавад.
Ин ҷо боз ҳам хотиррасон кардан лозим аст, ки ба пешниҳоди начандон фаҳмои ба истилоҳ “шиносҳо” дар бораи кори хуби маошаш баланд бе санҷиши дақиқ бовар кардан лозим нест.
Зеро одатан дар ташкилоту корхонаҳое, ки даромади  аслии худро пинҳон нигоҳ медоранд, бештар музди меҳнат пардохт мекунанд. Дар ин ҳолат ба нафақаи муҳоҷири тоҷик маблағ гузаронида намешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.