расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сироҷидин Муҳриддин ба Путин доир ба афзалиятҳои раёсат дар ШВКХ СҲШ маълумот дод

Асосӣ / Сиёсат

Сироҷидин Муҳриддин ба Путин доир ба афзалиятҳои раёсат дар ШВКХ СҲШ маълумот дод

Соли 2021 раёсат дар СҲШ ба Тоҷикистон мегузарад.

Сурат: РИА Новости
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳуқуқи ваколати раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) 9 сентябр зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин суханронӣ кард. Дар ин бора Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
 
Зимни суханронӣ Муҳриддин қайд кард, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, дар давраи раёсати имсолаи Русия дар СҲШ ҳамкории мутақобилаи пурсамар дар доираи Созмон таъмин шуд, ки ба ноил гардидан ба натиҷаҳо дар кори амалисозии вазифаҳои аз ҷониби сарони кишварҳои узви СҲШ додашуда дар Бишкек соли 2019 имкон дод.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки ба сифати вазифаҳои аввалиндараҷаи давраи раёсат дар соли 2021, ки ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳанг, таҳкими нуфуз ва тақвияти мавқеъгирии байнулмилалии СҲШ, инчунин такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба миён гузошта мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки дар бораи дидгоҳ, ҳадаф ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ муфассал изҳори назар мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.