расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мулоқоти Аҳмад Масъуд бо мушовири Ашраф Ғанӣ ва вокунишҳо ба он

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Мулоқоти Аҳмад Масъуд бо мушовири Ашраф Ғанӣ ва вокунишҳо ба он


Мулоқоти Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон дар масоили амнияти миллӣ, ки чанде пештар иттифоқ афтода буд, боиси вокуниши тунди чанде аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон шуд.
Аз ҷумла, Ҳорун Мӯътариф, раиси “Ҷумбиши гузор” дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт, ки “Ҳамдулло Муҳиб, мушовири собиқи Шӯрои амнияти миллии ҳукумат Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз омилони "суқути низоми ҷумҳуриявӣ” буд ва шахсе нест, ки бо ӯ дар бораи ояндаи Афғонистон суҳбат кард. “Ӯ ҷинояткор аст ва ба назари мардуми мо, аз ҳалқаи равобити сиёсӣ рад шудааст,”- навишт ӯ.
Тамим Осӣ, муовини вазири сиёсат ва стротегияи вазорати дифои ҳукумати пешини Афғонистон низ ба ин сӯҳбат вокуниш нишон дода, Муҳибро “сабабгори шикасти Афғонистон донист”.Ӯ гуфт, вақте Аҳмад Масъуд бо чунин фарде суҳбат мекунад, пас бояд “Фотеҳаи Ҷабҳаи муқовимат хонда шавад”.
Дар ҳамин ҳол, Али Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовамат дар сӯҳбат бо “Садои Амрико” гуфт, ки Ҷабҳаи муқовимат омодааст, бо ҳар нафар сӯҳбат карда, назарашро бифаҳмад, аммо ин ба он маъно нест, ки бо он нафар тавофуқ кунад.
Ин масъули Ҷабҳа дар посух ба суоли ин ки назараш дар бораи вокунишҳо ба ин сӯҳбат чӣ аст, гуфт: "Ҳеҷ тамосе бо дархости мо сурат нагирифтааст ва ҳамчунон мулоқоти ҳузури низ нашудааст. Ҳар касе, ки тақозо мекунад бо Ҷабҳаи муқовамат сӯҳбат кунад мо ба онҳо не намегӯем. Мо ба назарҳо ва пешниҳоди онҳо гӯш мекунем. Ин ба маънои музокира ё муомила ва ё расидан ба як натиҷаи муштараки сиёсӣ нест”.
Ӯ дар идома афзуд, ки Ҷабҳаи муқовамат нигаронии мардум ва ҳаводоронашонро дарк мекунад ва дар 20 соли гузашта муомилаҳо ва ҷафоҳои гуногуне ба ҳаққи мардуми Афғонистон сурат гирифта, ки беэътимодиро ба вуҷуд овардааст.
Майсам Назарӣ таъкид кард: "Ҷабҳаи муқовамат ба ин мубориза ворид нашуд, ки кадом муомилае сурат бигирад. Мо бо ҳеҷ кас дар ҳоли муомила нестем. Ҷабҳаи муқовамати миллӣ барои озодии мардум, истиқлоли кишвар ва барқарории адолат мубориза мекунад”.
Гуфтан зарур аст, ки Ҳамдуллоҳ Муҳиб замони суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон дар маснади мушовири амнияти миллии президент Ашраф Ғанӣ фаъолият дошт ва 15-уми август якҷо бо президент аз кишвар фирор кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.