расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Даргузашти муҳаррири радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» Отабек Ғоибов

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Даргузашти муҳаррири радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» Отабек Ғоибов


Отабек Ғоибов, муҳаррири варзидаи радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» дар синни 63-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора имрӯз, 12-уми октябр, радиои «Фарҳанг» дар саҳифаии фейсбукии худ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Отабек Ғоибов 24-уми марти соли 1959 ба дунё омадааст, вале дар мавриди иллати марги марҳум иттилое дода нашудааст.
Отабек Ғоибов, хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, аз соли 1987 фаъолияти рӯзноманигориашро оғоз намудааст ва то кунин ҳамчун муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» фаъолият доштааст.
Марҳум барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи ВАО ва пешрафти ҷомеа бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Ӯ ҳамчунин ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ, 100 – солагии матбуоти тоҷик ва барои маҷмӯаи асарҳояш миёни 50 кишвари ҷаҳон, медали тиллои озмуни байналмилалии “Қалами тиллоӣ” (“Oltin qalam”)-ро ба даст овардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.