расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Садамаи мудҳиш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Садамаи мудҳиш дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.

Инчунин ВКД афзудааст, ки ронандаи автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра”, ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир, ҳодисаи мазкур аз сӯйи кормандони милится таҳқиқ мешавад.


Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.