расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Президент ба Турсунзода сафар кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Президент ба Турсунзода сафар кард


Имрӯз, 3-юми октябр, дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент иттилоъ тмедиҳад.
Гуфта мешавад, ки хоҷагии деҳқонии «Ислом» дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ислом” шолипарварӣ буда, соли равон дар 0,60 гектар ин навъи зироат кишт карда шудааст.
“Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,60 гектар ғалла корида, 2,5 тонна ҳосил ба даст оварданд. Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,60 гектар шолӣ беш аз 4 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида буданд”, - минависад хадамоти матбуоти президент.
Таъкид мегардад, ки дар баробари шолипарварӣ саҳмдорон ҳамасола дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ шалғам, помидору бодиринг, сирпиёз, лаблабу, қаланфур ва кабудиҳо кишту парвариш ва истеҳсол намуда, ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар карам ва 0,30 гектар бойимҷон кошта шудааст, ки аз он ҳосили баланд рӯёнида мешавад.
“Ба гуфти роҳбари хоҷагӣ, саҳмдорон то имрӯз беш аз 8 тонна ҳосили бойимҷон ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуда, аз ин ҳисоб 80 ҳазор сомонӣ даромади иқтисодӣ ба даст овардаанд”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳамин тариқ, аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ ҳар қитъа замини обиро босамар истифода намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.