расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шавкат Бобозода боздошт ва баъдан аз вазифаи директори Агентии содирот озод карда шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Шавкат Бобозода боздошт ва баъдан аз вазифаи директори Агентии содирот озод карда шуд


Дирӯз, 29 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд.
Бо фарқ аз матни қарорҳои дигари ҳукумат, ин навбат сабаби аз вазифа сабукдӯш кардани Шавкат Бобозода гуфта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат Бобозода ду ҳафта пеш боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин банди қонун ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад
Наздикон ва ҳамкорони Шавкат Бобозода қазияро шарҳ надодаанд.
Шавкат Бобозода яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буда, аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.
Соли 2019 аз ин мансаб озод ва ба симмати директори сохтори навтаъсиси  Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.