Раҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд иваз шуд

Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба курсии раҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд нишастааст. 

Аз дафтари матбуоти раиси вилоят ба "Озодагон" гуфтанд, Хуршед Сатторзода ба ҷойи Ғафурҷон Зоҳирӣ таъйин шудааст, ки ҳоло муовини раиси шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) мебошад. 

Хуршед Сатторзода 29 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. 

Ӯ солҳои 2000-2003 муовини сарвари ҶСП “Абдуазиз”-и шаҳри Хуҷанд, 2003-2006 муовини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят, 2006-2007 сармутахассиси Хадамоти кадрии дастгоҳи раиси вилоят, 2010-2011 сармутахассиси шўъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят, 2011-2014 мудири шўъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят буд. Аз моҳи декабри соли 2014 то таъйинаш ба симмати раҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд курсии муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр дошт. 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон