расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Иштироки Расулзода ба ҷои Раҳмон дар ҷаласаи СААД: Ӯ роҳи сулҳи Боку ва Ереванро гуфт

Асосӣ / Сиёсат

Иштироки Расулзода ба ҷои Раҳмон дар ҷаласаи СААД: Ӯ роҳи сулҳи Боку ва Ереванро гуфт

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД вобаста ба даргирии Арманистону Озарбойҷон, аз Тоҷикистон сарвазир, Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марзи Озарбойҷону Арманистон ҷонибҳоро даъват кард, ки ба маҷрои сиёсию дипломатӣ баргарданд.
Ин нуктаро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни ҷаласаи маҷозии Шӯрои амнияти СААД баён дошт, ки бо дархости сарвазири Арманистон, раиси феълии Шӯро, Никол Пашинян баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарони давлатҳои узви СААД иштирок доштанд, аммо Тоҷикистонро бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард.
Расулзода дар ин дидор нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз рӯйдодҳои охир дар хати ба ҳам омадани неруҳои ҳарбии Арманистон ва Озарбойҷон баён дошт. иброз намуд.
"Дар вазъияти феълии бавуқуъпайваста ғояти муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳар чи зудтар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд", - таъкид намудаст сарвазир.
Вай изҳори боварӣ кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа ин истифодаи муассир аз василаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд".
Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.
Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.