расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳабси ҷавоне, ки пиразани маъюбро ба талбандагӣ ҷалб намудааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ҳабси ҷавоне, ки пиразани маъюбро ба талбандагӣ ҷалб намудааст


Умед Исоев, як сокини пойтахт пиразани маъюбро барои талбандагӣ ҷалб намуда, ба ин тариқ фоида ба даст меовардааст, хабар медиҳад раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои раёсат, “Умед Исоеви 30-сола бо мошини «Опел»-и худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро бо мақскади талбандагӣ ба Душанбе меоварад ва қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи ин маъюби гурӯҳи 1-умро аз худ намуда, қисмати камашро ба пиразан медод”.
Айни замон нисбати Умед Исоев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.