расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳушдори толибон ба Пентагон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Ҳушдори толибон ба Пентагон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ

Паҳподҳои Амрико ҳамчунон дар ҳарими ҳавоии Афғонистон гаштзанӣ мекунанд ва бояд ба ин кор поён диҳанд, гуфт Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибон, итилоъ додааст бахши дарии "Порс тудэй".

Вай илова кард дар сурати поён надодани ин кор ҳукумати толибон ин иқдомро таҷовуз бар Афғонистон мехонад.
Вай афзуд ин парвозҳо бояд мутаваққиф шавад.

Муҷоҳид таъкид кард, ки Амрико ва дунё бояд ба ҳуқуқи маруди Афғонистон эҳтиром бигузоранд.

Сухангӯи толибон мегӯяд, парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар фазои Афғонистон хилофи муоҳидаи Чикаго ва дигар конвенсияҳои ҷаҳонӣ аст ва дар айни ҳол нақзи ошкорои ҳарими ҳавоии Афғонистон низ аст.

Идомаи парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар осмони Афғонистон дар ҳоле идома дорад, ки ин кишвар ахиран бидуни огоҳӣ ва ё ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон як манзили маскунии холӣ аз сокинонро дар минтақаи Шерпури Кобул бо паҳпод ҳадаф қарор дод.

Сипас аз он Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико иддаои кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Алқоида”* дар ин ҳамларо матраҳ кард.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • GeraldAppot | Гости

    Figaro: «Газпром» сокращает поставки газа французской компании Engie с 30 августа Минобороны РФ заявило о гибели 1200 военных ВСУ за сутки Зампред СБ Медведев призвал ЕС быстрее запретить выдачу россиянам шенгенских виз В Кремле ответили на обещание Зеленского вернуть украинские территории САЙТ ОТЗЫВОВ

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.