расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Ҳамлагар ба клуби Истамбул ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд

. / Ҷаҳон

Ҳамлагар ба клуби Истамбул ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд


Ҳамла ба клуби шабона дар моҳи январи соли 2017 ҷониб 39 нафарро рабуд.

Додгоҳе дар Туркия шаҳрванди Узбекистон Абдулқодир Машариповро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.
Машарипов дар ҳамла ба клуби шабонаи "Reina"-и шаҳри Истамбул дар рӯзи 1 январи соли 2017, ки 39 кушта бар ҷой гузошт, айбдор дониста шуд. Худи Машарипов айбро эътироф кард.
Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифта буд. Гуруҳ гуфт, ин ҳамларо дар посух ба иштироки низомиёни турк дар низои Сурия анҷом додааст.
Шаҳрдори Истамбул пештар гуфта буд, ки маҳкумшуда дар размоишгоҳҳои гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон омодагии ҷангӣ дида, эҳтимолан як сол пеш аз ҳамла ба Туркия рафтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.