Тирандозӣ дар порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ


 

Хабаргузориҳои Эрон аз вуқӯи тирандозӣ дар "роҳравҳо"-и порлумони он кишвар ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ -- бунёдгузори Ҷумҳурии исломӣ хабар доданд. Тибқи гузоришҳо, дар тирандозии рӯзи 7-уми июн "афроди ношинос" ду муҳофизи порлумонро захмӣ кардаанд.

Баъзе хабаргузориҳои эронӣ аз захмӣ шудани ҳадди ақалл се нафар хабар додаанд. Шахсияти ин афрод ва сабабҳои ин ҳодиса то ба ҳол маълум нест. Хабаргузории нимадавлатии "Тасним" аз қавли яке аз вакилони порлумон гуфтааст, ин афрод се нафар буданд ва вориди бинои Маҷлис шуда ва ба сӯи муҳофизон тир холӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар фосилаи чанд дақиқа, чанд фарди мусаллаҳ ба порлумон ва ҳарам ё оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, ҳамла карданд. Соати даҳу ними субҳи чаҳоршанбе хабаргузориҳо гузориш доданд, ки як фард бо тирандозӣ ба сӯи нерӯҳои нигаҳбони порлумон, вориди бинои ин ниҳод шуданд. Чанд дақиқа баъд, хабаргузории ИСНА хабар дод, ки чаҳор фарди мусаллаҳ бо тирандозӣ вориди порлумон шуда ва бо ҳадаф қарор додан нигаҳбонони порлумон, ба тирандозии худ идома медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Илёс Ҳазратӣ, намояндаи Теҳрон низ гуфт, "ҳамлаварон се нафар буданд, ки муҷаҳҳаз ба ду мил Калашников ва як мил силоҳ камарӣ буданд". Хабаргузории "Тасним" низ бар асоси "шунидаҳо" эълом кард, ки яке аз муҳофизони дар ин даргирӣ кушта шудааст. Ин хабаргузорӣ ҳамзамон эълом кард, ки ҳеҷ манбаи расмӣ ин хабарро тайъид накарда ва ин хабарро танҳо бар асоси шунидаҳо, мунташир кардааст.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, пас аз ин ҳодиса дарҳои вурудӣ ва хуруҷии порлумон баста шуда ва аз хуруҷи намояндагон аз саҳни порлумон ҷилавгирӣ шуд. Бо ин ҳол иҷлосияи ошкори порлумон идома ёфт. Дар ҳоле, ки хабаргузории ИСНА аз идомаи даргирӣ байни афроди мусаллаҳ ва нерӯҳои муҳофизатии порлумон хабар медиҳад, Акбар Ранҷбарзода, узви ҳайати раҳбарии порлумон аз боздошти як фарди мусаллаҳ хабар дод.

Ҳифозат аз порлумон ва аксари ниҳодӣ ҳукуматӣ дар Эрон ба ӯҳдаи Сипоҳи посдорон аст. Дар бинои порлумони Эрон чандин дари вурудӣ ва хуруҷӣ ҳаст, ки бархе аз онҳо чандсад метр бо бинои саҳни порлумон фосила доранд ва дар ин фосила низ чандин дари электронӣ, вуҷуд дорад.

Чанд дақиқа пас аз интишори хабарҳо аз ҳамла ба бинои порлумони Эрон, "Твиттер"-и хабаргузории "Форс" ва рӯзномаи "Эрон" хабар доданд, ки як фарди мусаллаҳ чанд лаҳза пеш бо ворид шудан ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ва тирандозӣ, чанд танро маҷрӯҳ кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории ИЛНА ба нақл аз манбаъҳои давлатӣ, яке аз ҳамлаварон ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ худро тарконда ду нафари дигар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, дар ин ҳодиса як нафар аз ҳозирин дар ин макон кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Хабаргузории Садо ва Симо низ хабар дод, ки чаҳор фарди мусаллаҳ ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ворид шуда ва ба тирандозӣ оғоз карданд. Ба иттилои ин манбаъ, бар асари тирандозӣ ду нафар захмӣ шуданд. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз як "манбаи огоҳ", ки аз ӯ ном бурда нашудааст, навишт, ки яке аз ин афрод худро тарконида ва як нафар ба дасти нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин миён як зан ҳам боздошт шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон