расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » – КИРО КУШТӢ? – МАЪШУҚААМРО… НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

– КИРО КУШТӢ? – МАЪШУҚААМРО… НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ


Раёсати тафтишоти вилояти Новосибирски Русия рӯзи 27 июли соли 2022 сабти видеоии порае кӯтоҳ аз бозпурсии шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Хушнуд Ҳамроевро, ки дар Новосибирск худро Роман муаррифӣ мекард, нашр кард. Ҳамроев субҳи 27 июл бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Анастасия шаби 26 июл дар ҷануби шаҳри Новосибирск бо дастикам 15 зарбаи корд кушта шуд.
Тавре дар сабт дида мешавад, ар ҷараёни бозпурсӣ байни муфаттиш ва Ҳамроев чунин суолуҷавоб сурат гирифтааст:
– Барои чӣ дастгир шудӣ?
– Барои одамкушӣ. 
– Киро куштӣ?
– Маъшуқаамро. 
– Бо чӣ куштӣ?
– … 
(баъди паузаи тӯлонӣ) Бо корд. 
Сомонаи маҳаллии Царьград-Новосибирск  бо такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки марди дастгиршуда дар Русия қонунан зиндагӣ мекард ва то моҳи феврали соли 2023 ҳаққи иқомат (вид на жительство)  доштааст. Вале манбаи ин нашрия хабар додааст, ки «марди 27-солаи дастгиршуда моҳи декабри соли 2019 бар асоси қисми якуми моддаи 119 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми таҳдиди куштан ва моҳи феврали соли 2020 бар асоси қисми дуюми моддаи 115 бо ҷурми расондани осеби сабук ба саломатӣ маҳкум шуда буд”.
Нашрияҳои дигари Новосибирск қаблан хабар дода буданд, ки Ҳамроев пештар барои таҳдиди куштан ва латтукӯби як маъшкқаи дигараш, ки бо ӯ қабл аз Анастасия муносибат доштааст, ба ҷавобгарӣ кашонида шуда, тақрибан ним сол дар СИЗО қарор дошт.
Телеграм-канали АСТ-54 Black менависад, ки қабл аз куштан, Ҳамроев хитоб ба Анастасия гӯё гуфтааст: “Ё аз ман мешавӣ, ё аз ҳеҷ каси дигар!”
Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, як марди 27-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Роман Ҳамроев (дар асл Хушнуд Ҳамроев) дар шаҳри Новосибирски Русия бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Лаҳзаи ин кушторро, ки шаби 26 июли соли 2022 дар кӯчаи Лесосечная дар маҳаллаи Нижняя Елтсовкаи ноҳияи Совет, дар канораҳои ҷанубии Новосибирск, ҳамагӣ 16 километр дуртар аз Бердск рӯй дод, як ронандае, ки он шаб тасодуфан дар онҷо буд, тавонистааст бо видеорегистратори мошинаш сабт кунад.
Ин ронанда ва ҳам ронандаи як таксии дигари раҳгузар, ки шоҳиди бераҳмона маъшуқаашро куштани Ҳамроев шуданд, дар он лаҳза аз тарс натавонистаанд, ки ба кумаки ҷабрдида биоянд. Дар сабт дида мешавад, ки ҷавон бо зарбаи корд духтарро дар рӯи роҳ ба замин меафтонад  ва баъди афтиданаш низ ба бадани ӯ бо корд зарба задан мегирад. Баъди тамом кардани кори духтар, он ҷавон тавассути ҷангале, ки дар канори роҳ буд, фирор мекунад.
Баъди рафтани ӯ он ду ронандаи шоҳид ба пеши духтар мешитобанд, вале ӯ алакай дар ҷои ҳодиса ҷон дода буд. Ташхис баъдан дар бадани ӯ 15 захми кордро пайдо кардааст.
Шахсияти гумонбаршавандаро пулис зуд муайян кард. Ӯ дӯстписари собиқи Анастасия буда, 27 сол доштааст ва қаблан ҳам, дар соли 2019 барои латтукӯб ва таҳдиди куштани як дӯстдухтари қаблиаш ба ҳабс гирифта шуда, ним солро дар СИЗО ба сар бурда буд.
Бино ба иттилои Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Новосибирск, ӯ он шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори воқеъ дар кӯчаи Хилокская расондааст ва аз бозорнишинҳо пурсидааст, ки оё чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор аз девори каҷ ҳазар гуфта, макони будубоши ӯро ба пулис хабар додаанд.
Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Новосибирск дар иттилоияаш гуфт: “Аломатҳо (ориентировка)-и гумонбаршаванда ба тамоми гуруҳҳои пулис фиристода шуд. Субҳи 27 июл, соати 9, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ гумонбаршаванда дар кӯчаи Хилокская ноҳияи Ленин дастгир карда шуд. Маълум шуд, ки боздоштшуда нақша дошт, ки қаламрави Русияро тарк кунад.”
Бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, боздоштшуда алакай дар бозпурсии аввал ба кирдораш иқрор кардааст. Нисбат ба ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парванда кушодаанд. Ба Ҳамроев бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Нашрияи маҳаллии Бердск-Онлайн  бо такя ба манобеаш дар пулис хабар дод, ки духтари кушташуда Анастасия Р. Ном дошта, аз шаҳри Бердск буд ва дар яке аз мактабҳои ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск, дар наздикии маҳалли қатлаш таҳсил мекард.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, Роман Ҳамроев ба  Настя рашки беандоза дошт ва дар заминаи рашк ӯро кушт. Канали Mash | Мэш бо истинод ба дугонаҳои Настя хабар дод,ки Роман гӯё Настяро доим мезад, вале ӯ аз тарси таҳдидҳои ин ҷавон аз вай ҷудо шуда наметавонист.
Роман Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори кӯчаи Хилокская ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард ва дар наздикии маҳалли куштор иҷора менишаст.
Анастасия Р. моҳи майи соли ҷорӣ ба синни 17 расида буд…

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.