расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дастгоҳ фаъол шуд: вазир гуфт, омикрону делта дар Тоҷикистон муайян шудаанд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Дастгоҳ фаъол шуд: вазир гуфт, омикрону делта дар Тоҷикистон муайян шудаанд

Дастгоҳи муайянкунандаи навъҳои коронавирус дар Тоҷикистон фаъол гардида, намунаҳои қаблии ин беморӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд

Муайян шудааст, ки қаблан дар Тоҷикистон навъи омикрони коронавирус низ дар гардиш будаст, хабар дод Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дастгоҳи муайянкунандаи навъҳои коронавирус дар ҷумҳурӣ, ки қаблан набуд, аллакай фаъол шуда, намунаҳои солҳои қаблӣ таҳлил гардидаанд.
Муайян шудааст, ки аз солҳои 2020 дар ҷумҳурӣ шаклҳои коронавирус, аз қабили вуҳанӣ, африқоӣ ва делта дар гардиш будаанд. Вазир афзуд, соли 2021 ба Тоҷикистон навъи омикрон низ ворид шудааст, ки бар асоси таҳлилҳо 299 ҳолат ба қайд гирифта шуданд.
Вазир гуфт, аз моҳи феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бархе ҳолатҳо, ки шаҳрвандон худро гирифтори коронавирус мепиндоранд, ба гуфтаи вазир ба истифодаи зиёди кондитсионер ва оби сард дар гармии беш аз 40 дараҷаӣ дар Тоҷикистон рабт дорад.
Дар зимн вазир ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.
Абдуллозода илова намуд, ки чунин афрод, ҳамчунин ҳатман аз ҷониби мутахассисони тандурустии шаҳру навоҳияшон таҳти назорат қарор мегиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.