расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шариф Гулов зери чархи мошин монд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Шариф Гулов зери чархи мошин монд

Ҳамарӯза бо сабаби беэҳтиётии ронандагон ва пиёдагардон дар шаҳру навоҳии мухталифи кишварамон садама ва ҳодисаҳои зиёди нохуши нақлиётӣ рӯй медиҳанд, ки боиси захм бардоштан ва ҳатто ҳалокати одамон мегарданд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи сархӯр хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, субҳи 5-уми июл, тахминан соатҳои 07:30-и субҳ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қудбиддинов Ҳасан Изомиддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Левакант ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Гулов Шариф Турахонович, соли таваллушад 1964, сокини шаҳри Левакантро пахш намудааст.

Мард бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мо аз тамоми ронандагон ва пиёдагардон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд. 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.