расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар расид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар расид

Писарбачае, ки нисфирӯзии 23 июл дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад, шаҳрванди 10 миллионуми Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Волидони ин писарбача, ки писарбачаро Фирдавс ном ниҳоданд, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд.
Падари тифли навзод муҳоҷири корӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустзодаи ин оилаи ҷавон аст. Вазни писарбачаи навзод 3 килою 250 грамм ва қадаш 50 сантиметр аст.
Калиди хонаи сеҳуҷрагӣ ба оилаи сокини 10 млн-умро аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигарон супурданд.
Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, давоми 30 сол шумори аҳолии кишвар 76,6% зиёд шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.