расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Бизан! Бизан”-и тоҷикӣ ва занозании муҳоҷирон дар Маскав

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Муҳоҷир

“Бизан! Бизан”-и тоҷикӣ ва занозании муҳоҷирон дар Маскав

Дар шабакаи “ВКонтакте” –и канали Реутов Новокосино Косино-Ухтомский видеое нашр шудааст, ки аз рафти як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия ба навор бардошта шудааст. Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷирон бо тахтаву арматур ва ҷорӯб “мусаллаҳ” шуда ба тарафи якдигар чӯбу оҳану бетон ва ҳар чизи дигари пеш омадаро ҳаво медиҳанд. Садои яке аз иштирокчиёни занозанӣ ба гӯш мерасад, ки бо забони тоҷикӣ “Бизан! Бизан!” гӯён, ҳамсафонаш ба задухӯрд ташвиқ мекунад... Тавре ки расонаҳо менависанд, ҳодисаи мазкур бегоҳии 3-юми июл дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав сар зада, байни муҳоҷирон занозании гуруҳӣ сурат гирифтааст. Руднево дар ноҳияи Косино-Ухтомский, ҳамагӣ 5 километр дуртар аз МКАД ҷойгир буда, ба қавли шоҳидон дар ин занозанӣ бештар аз 60 муҳоҷир иштирок доштаанд. Сабабҳои асосии ин занозании гурӯҳии муҳоҷиронг ҳанӯз маълум нест, вале баъзе шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, як гурӯҳ муҳоҷирон кори худро ба таври бояду шяд иҷро намекардаанд ва муҳоҷирони дигар маҷбур будаанд, ки ба ҷои онҳо ҳам кор мекунанд. Бо сабаби ҳамин нофаҳмӣ байни муҳоҷирон моҷаро сар зада, барои тақсими дилонаи кор занозанӣ кардаанд. Дар навори видеоие, ки шабакаи “ВКонтакте” –и канали Реутов Новокосино Косино-Ухтомский нашр кардааст, ба ғайр аз садои “Базан!Бизан”-и тоҷикӣ боз садои як муҳоҷири дигар низ ба гӯш мерасад, ки бо забони узбекӣ ҳарф мезанад, вале маълум нест, ки занозанӣ маҳз байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек сар задааст ё дигар муҳоҷирон низ дар он иштирок доштанд. Шумораи зарардидагон бар асари ин занозании гурӯҳи маълум нест.

Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.