расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » "Мегуфт, духтари зиёд таваллуд кардаи, дарди модари тоҷик

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

"Мегуфт, духтари зиёд таваллуд кардаи, дарди модари тоҷик

Гулрафтори 47-сола бо дарду алам пайваста мегиряд ва нолаҳои зораш ҳам аз зарбу лати шавҳараш аст. Мегӯяд, баъд аз онки ҳамсараш кордро дар гулӯяш гузошту таҳдид ба куштан кард, маҷбур шуд, бо чаҳор фарзанд аз хонаи шавҳар бигурезад.

Ҳоло ҷойе барои рафтан надорад. Гулрафтор Нозимоваи 47-сола ва сокини ноҳияи Кушониён мегӯяд, зӯроварӣ ва хушунат дар оила дили ӯ ва равони фарзандонашро шикастааст. Вай мегӯяд 16 сол ҳамаро ҷабру ситами шавҳарро тоқат кард, бо умеде ки рӯзе зиндагиаш тағйир мекунад, вале нашуд:

“Як кӯдак доштам, мегуфтанд, ки ҷудо шав зиндагӣ накун, фикр мекардам, фарзандор шавем хуб мешавад, зиндагӣ беҳтар мешавад, вале беҳтар нашуд. Мегуфт, духтари бисёра таваллуд карда, безор кардӣ.”

Даҳ моҳ боз аз лату кӯб халос аст. Баъди аз фирору дарбадарӣ Гулрафтор дар ҷамоати Ориёно сарпаноҳи муваққат пайдо кард. Яке аз сокинони ҷамоат ба ӯ сарпаноҳи муваққатӣ додааст. Мирзоаҳмадов Мақсудалӣ: “Гуфтанд, ки ҳамин зан ҷойи рафт надоранд, хона холӣ буд, гуфтем омада ҳаминҷо истад, аз дилсузӣ дар ин хона ҷой додем, то омадани бародарам ҷой додаем.”

Мақомот дар ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён аз ҳоли Гулрафтор огоҳанд. Баъди ҳар муроҷиату додхоҳии ин зан аз пулису масъулини дигар хушунату зӯроварӣ нисбаташ баръакс бештар мешудааст.

Гулрафтор яке аз лаҳзаҳоеро нақл мекунад, ки маъмури милиса барои кумак омадааст: “Мегӯяд, ки пулис худаш кӣ аст? Нозири милиса омада гуфтанд, ки хона аз ҳамин зан ва чаҳор фарзандаш аст, вале баъди рафтани онҳо латукӯбам кард, дар миёни ҳавлӣ ба гулӯям корд гузошт. Духтарам шоҳид аст.»

Абдусамад Нозимов, ҳамсари Гулрафтор баръакс аз рафтори ҳамсараш шикоят мекунад. Вай дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, беэҳтиромии ҳамсар ва беиҷозаи ӯ телефон хариданаш шубҳанок аст.

Ба қавли Нозимов ҳамсараш бе иҷозаи ӯ телефон харидааст: “Ба пулис гуфтам, ки ман бовар надорам, вақте, ки бидуни ризоияти ман телефон мегирад ва маълум не бо кӣ суҳбат мекунад. Гуфтам, ки ба суд муроҷиат кунад, расман ҷудо шавем. Барои ман лозим нест.”

Гулрафтор мегӯяд, ба шавҳараш бевафоӣ накардааст, ҳарчанд ин туҳматро бисёр мешунавад ва духтаронаш ҳам аз ин гуфтаҳои падар бисёр озурдаву дилреш шудаанд. Вай аз мақомоти интизомӣ, бахши кор бо оилаи вилояти Хатлон мехоҳад, барои поён ёфтани ҷабру ситами шавҳараш, ки солҳо боз идома дорад ва сабаби оворагӣ ва пароканда шудани фарзандон шудааст кӯмак кунад.

Як фарзанди Гулрафтор дар хонаи падар ва се нафари дигар ҳамроҳи худаш мондаанд, ки парастории онҳо барои зане, ки ҷойи кор надорад сахт аст. Дар Хатлон ва дар тамоми Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ мавзӯи нав нест ва ҳар садҳо нафар ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ зан барои наҷоту кумак муроҷиат мекунанд.

Дар як соли ахир дар Хатлон 100 мавриди хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо сабт шудааст ва аксаран занон мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва гоҳо шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.


Сарчашма:озоди

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.