расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кишоварзони Муъминобод нархи меваро дар бозорҳо арзон карданд

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Кишоварзони Муъминобод нархи меваро дар бозорҳо арзон карданд

Дар ноҳияи Муъминобод имсол ҳосили боғу токзорҳо ҳудуди ду баробар афзудааст, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Дар ин ноҳия садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуданд, ки ҳосилнокии онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ афзун гардид.

Манбаъ меафзояд, маҳз ҳосили хуби боғу токзорҳои ин ноҳия нархи меваҷотро дар бозору мағозаҳо арзон кард.

Зикр гардид, ки агар нархи як кг гелос қаблан 13 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло сокинон онро ба қимати 5 сомонӣ харид мекунанд.

Ҳамчунин нархи як кг олу ҳам аз 8 ба 2,5 ва ҳамин миқдор зардолу аз 4 ба ду сомонӣ арзон шуд.

Ба ҷузъ аз таъмин намудани талаботи бозорҳои дохилӣ, кишоварзони ноҳияи Мӯъминобод бо корхонаҳои коркарди мева низ шартнома бастанд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то моҳи май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбати соли гузашта 4271,6 тонна кам аст.

Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро мегузоранд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.