расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқарор шуд

. / Иқтисодиёт

Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқарор шуд

Ба туфайли захираи кофии об дар обанбори Норак ва беҳбуди таъминот бо барқ.

Сурат: аз торнамои pamirdaily.com

Ширкати энергохолингии “Барқи тоҷик” интиқоли барқро ба кишвари ҳамсояи Афғонистон барқарор кард.

Ба гуфтаи роҳбари дафтари матбуоти ширкат Нозир Ёдгорӣ, содироти барқ ба ҳамсоякишвар ба туфайли захираи кофии об дар обанбори 

Норак ва беҳбуди вазъ дар масъалаи таъминот бо барқ имконпазир шуд.

“Айни замон Афғонистон аз Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 1,3 млн киловатт соат неруи барқ мегирад, - иброз дошт вай. - Дар сурати пайдо шудани дигар имкониятҳо, кӯшиш мекунем, ки интиқоли барқро ба ин кишвар зиёд кунем”.

Зимнан зикр шуд, ки ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи барқарор намудани содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ баррасӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷи кишвар қатъ кард. Ин тасмимро ҳукумат ба коҳиши маҷрои об дар дарёи Вахш ва мутаносибан мушкилоти ба таври кофӣ захира нашудани об дар обанбори Норак нисбат дод.

Рӯзи 3 сентябр ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ба таври кофӣ захира шудани об дар обанбори неругоҳи Норак хабар дод.

Бино ба маълумоти ширкат, давоми 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон 546,6 млн кВт/с ва ба Ӯзбекистон - 358,3 млн кВт/соати неруи барқ интиқол дода шудааст.

Соли 2019 ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 1 млрд 458,2 млн кВт/соат (ба маблағи 60,6 млн доллар) ва Ӯзбекистон - 1 млрд 425,1 млн кВт/соат (ба маблағи 28,5 млн доллар)-ро ташкил дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.