расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳашт варзишгари тоҷик ба Баҳрайн меравад

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Варзиш

Ҳашт варзишгари тоҷик ба Баҳрайн меравад

Дар шаҳри Манамаи Баҳрайн Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштин доир мешавад. Ин мусобиқа гуштингирони ҷавон ва ҳам наврасонро ҷамъ меорад.

Котиботи Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштин ҷамъан ҳафт варзишгар намояндагӣ мекунад.

Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манамабаргузор мешавад.


Ба тими наврасон, панҷ нафар, аз ҷумла Идрисҷон Баҳмромов, Алиризо Баҳромов, Амон Аюбзода, Муҳаммад Абдуҳакимзода ва Исо Нурмаҳмадов дохил мешаванд.

Ҳамчунин се нафари дигар ба тими ҷавонон: Саидасан Ашрафхонов, Фирӯз Мирзораҷабов ва Шеров Очилов дохиланд.

Гуфта мешавад, тибқи низомнома қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-4 июл ва миёни ҷавонон 5-10 июл баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, чанде қабл дар Муғулистон "Тоскулоҳи бузург" сурат гирифт, ки Тоҷикистонро се ҷудокор муаррифӣ намуданд, вале қувваозмоиҳои онҳо бидуни натиҷа анҷом ёфт.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.