расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Суди Хатлон сокини маҳаллиро ба ҳабси абад маҳкум кард

. / Ҳаводис

Суди Хатлон сокини маҳаллиро ба ҳабси абад маҳкум кард

Ӯ дар куштор ва буридани аъзои бадани ҳамдиёри худ дар Русия даст дорад.

Суди вилояти Хатлон
Сурат: Asia-Plus

Сокини вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоев ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар шаҳри Екатеринбурги Русия 13 апрели соли 2017 тоҷикистонии дигар - ҳамдиёр ва ҳамнасаби худ Идибек Саъдуллоевро мекушад.

“Бо сабаби хусумати шахсӣ доштан ӯ Идибекро бо роҳи буғӣ кардан мекушад ва сипас бо корд аъзои бадани ӯро ҷудо карда, дар халтаҳои полиэтиленӣ ҷой мекунад ва дар ҷойҳои гуногун мепартояд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз як рӯзи содир намудани ин ҷиноят ӯ тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон бармегардад.

Гуфта мешавад, баъди аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Русия дар бораи ин ҳодиса хабар додан ба ҳамтоҳои тоҷики худ, прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба Анвар Саъдуллоев аз рӯйи далели куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ боз мекунад.
Зикр мегардад, ки охири моҳи гузашта суди вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоевро ба ҳабси якумра маҳкум кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.