расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон

Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди сулҳро ҷашн мегирад. Интизор меравад, ҷашни имсолаи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар 27-уми июн аз ҳамаи маҳфилҳои идонаи гузашта фарқ кунад. Он дар шароите мегузарад, ки ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳолати имрӯзаи ҷаҳон "ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо" шуда, таҳкими "иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеа"-ро талаб мекунад.

Ин паём вокунишҳои зиёде ба бор овард, аз ҷумла онро, ки сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро беҳтар аз ҳама волоияти қонун, адолату ростӣ, парҳез аз хушунату зӯроварӣ, эҳтиёт аз такрори хатоҳои гузашта таъмин карда метавонанд.
Ҷанги дохилии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон аз чунин иштибоҳҳо шумурда мешавад, ки рушди ин кишварро барои даҳсолаҳо ақиб андохт ва танҳо сулҳу оромӣ тавонист, истиқлолу озодии кишвар ва мардумро фароҳам оварад.
Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар кишвар маҳфилу ҷашнҳое баргузор мешаванд. Аммо солҳо қабл пешниҳод гашта буд, ки бояд Осорхонаи Ҷанг ё ҳайкали ёдгору гиромидошти даҳҳо ҳазор қурбонии он бунёд шавад, то дар ин рӯз мардум тавонанд бо иттиҳоду сарҷамъии хос бар пояи чунин ёдгорӣ гул гузоранд.
Ҳатто талоши чанд ташаббускор ва таърихнигор барои бунёди "Китоби сафеди қурбониёни ҷанг" ё Феҳристи миллии қурбониён низ то ҳол натиҷае надодааст. Фаромӯш кардани он ки Тоҷикистон чӣ таърихи хунинеро пас сар кард, метавонад, роҳро ба такрори он боз кунад.
Ба умеди саҳмгирӣ дар бунёди чунин осоргоҳ имрӯз аз бойгонии Радиои Озодӣ сафҳаҳоеро офтобӣ мекунем, ки номи садҳо қурбонии ҷанги дохилиро гирд овардаанд. Ин рӯйхатҳо дар солҳои 1992 ва 1994 ба мо фиристода шудаанд, вале бори аввал нашр мешаванд. Бахше аз онҳоро ҳокимиятҳои онвақтаи ҷамоату ноҳияҳо таҳия кардаанд. Ҷузъиёт ва имлои номаҳо ба тавре ки будаанд, нигоҳ дошта шудаанд.
Дар баъзе аз онҳо кай ва чӣ гуна кушта шудани ин ё он шахс зикр ёфта, дар баъзеи дигар аз гаравгон афтодан ё бенишон шудани шаҳрвандон сухан рафтааст. Аз ҳамаи хонандагон хоҳиш мекунем, ин номҳоро бинанд ва агар маълумоти бештар ва наве дар бораи ин ҳамватанон доранд, дар шарҳи ин феҳрист бароямон нависанд. Ҳамчунин агар номи қурбониёни дигарро медонед, дар гӯшаи шарҳҳо нависед ё ба имейли Tajikweb@rferl.org фиристед.

ЗОДАГОНИ НОҲИЯИ ВАХШ, КИ ДАР ГӮШАҲОИ ТОҶИКИСТОН КУШТА Ё БЕНИШОН ШУДААНД

АЗ СОВХОЗИ ТУРКМЕНИСТОН:
Ҳасанов Алимуҳаммад Саидумронович, соли таваллуд 1987; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа куштаанд
Маллаев Муҳаммадраҳим Маҳмадкугаевич, соли таваллуд 1966; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Ба тири снайпер кушта шудааст
Тоҳиров (Пиров) Ҷумъа, соли таваллуд 1930; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Соҳиби шаш фарзанд. Аввал дастгир шуда, баъдан бар асари латукӯб ҷон бохтааст
Зуҳуров Абулаҳад Маҳмудович, соли таваллуд 1963; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Соҳиби ду фарзанд. Ба дидани наздиконаш ба ноҳияи Колхозобод рафта, дар онҷо дастгиру кушта шудааст
Саидов Ҳабибулло Нуриддинович, соли таваллуд 1952; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд. Дар Колхозобод боздошт ва парронда шудааст
Шоев Одина, соли таваллуд 1930; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш; оиладор, соҳиби шаш фарзанд. Ӯро дар ҳудуди совхоз дастгир кардаву ба қатл расондаанд
Саидов Муҳаммадҷон Мирҷонович, соли таваллуд 1962; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд. Ба тир задаанд
Бобои Хушбахт, соли таваллуд 1917; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби се фарзанд ва 15 набера. Ӯро сахт латукӯб карда, дар ҳавлияш овехтаанд
Раҷабов Қаҳҳор Ҷабборович, соли таваллуд 1962; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Ӯро дар ноҳияи Колхозобод дастгир карда, ба зери танк партофтаанд
Яъқубов Озод, участкаи 1-уми Май; совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд. Дар ҳудуди совхоз кушта шудааст
Яъқубов Шокир, соли таваллуд 1970; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор. Дар маҳалли зисташ кушта шудааст
Кабутов Худоёр, соли таваллуд 1930; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби 10 фарзанд. Дар Ҷилликӯл захмӣ кардаанд. Ду ҷарроҳиро аз сар гузаронд, вале наҷот наёфт
Сироҷиддинов Баҳриддин, соли таваллуд 1975; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Дар совхози ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ кушта шудааст
Фрохов Қудратулло Раҳматович, соли таваллуд 1966; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Дар ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳуни ҳозира) ба қатл расидааст
Маҳмадов Аҳтам, соли таваллуд 1957; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби чор фарзанд. Дар ноҳияи Панҷ дастгир ва таҳти шиканҷа кушта шудааст
Давлатов Раҷабалӣ Маҳмадшоевич, соли таваллуд 1969; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Дар ноҳияи Колхозобод ба қатл расидааст
Кавчаков Исмоил, соли таваллуд 1927; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Чаҳор фарзанд дошт. Ҳангоми ҳамла ба маҳалли зисташ кушта шудааст
Давлатов Абдураҳмон, соли таваллуд 1930; участкаи 1-уми май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Соҳиби даҳ фарзанд. Ӯро дар ҳавлии худаш латукӯб кардаанд ва ӯ бар асари захмҳои бардоштааш ҷон додааст
Саидов Асрор, соли таваллуд 1950; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби ҳафт фарзанд. Дар ноҳияи Панҷ ба қатл расонда шудааст
Тоиров Суфиҷон, соли таваллуд 1925; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд. Барои дигарандешӣ кушта шудааст
Ҳасанов Саидғуфрон, соли таваллуд 1962; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Кушта шудааст
Ҳусайнов Саидҷалол, соли таваллуд 1954; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби ҳафт фарзанд. Ба қатл расондаанд
Азизов Ҳафиз, соли таваллуд 1925. Участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш
Азизова Камина, соли таваллуд 1937. Участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш
Азизов Илҳомуддин, соли таваллуд 1978; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби ҳашт фарзанд. Аъзои оила сар бурида шудаанд. Сардори хонавода Азизов Ҳафиз рӯҳонӣ буд.
Алиев Сайфиддин Шаропович, соли таваллуд 1963; Ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Дар теппаи Зеғиртӣ кушта шудааст.
Эшматов Набиҷон Файзибоевич, соли таваллуд 1954; Участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Аз тарафи полки тирандози Русия кушта шудааст.
Азимов Дод, фармондеҳи баталйони вижаи Шуъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира). Тарафдори ҳарчи зудтар поён ёфтани даргирӣ буд, вале ҳангоми як музокирот кушта шуд
Нозиров Зоиршоҳ Абдулмаҷидович, соли таваллуд 1967; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Дар совхоз кушта шудааст.
Балаев Убайдулло Неъматович, соли таваллуд 1960; Участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Дар ноҳияи Колхозобод дастгир ва дар пеши чашми кӯдаконаш парронда шудааст.
Фозилова Ойхумор, участкаи 1-уми Май; Совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби ҳафт фарзанд. Ӯро дар хонааш куштаанд.
Саидҷаъфар Ҷалолович, соли таваллуд 1970; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Дар ноҳияи Колхозобод ба ҳалокат расондаанд.
Фозилов Содиқ Абдусамадович, соли таваллуд 1972; Участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Дар совхози ба номи Куйбишев кушта шудааст.
Наботов Абдураҳим Ҳимматович, соли таваллуд 1968; участкаи 1-уми Май, совхози Туркменистон, ноҳияи Вахш. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Дар участкаи “Ҳаваскор” куштаанд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.