расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳушёр бошед!!!Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳушёр бошед!!!Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд

Аз оғози сол 34 нафар ғарқ шуданд, ки 14 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии наврасон ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара,  ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш  аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта будааст.
"Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд", - омадааст дар хабарнома.
"Як навраси 16-сола ҳам рӯзи 21-уми июни соли равон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст", - илова намудааст дафтари матбуотии КҲФ.
Гуфта мешавад ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.
"Рӯзи 23-уми июни соли 2022 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд", - зикр шудааст дар хабар.
Тибқи маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафарашон кӯдакону наврасони аз 4 то 16-сола мебошанд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.