расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Русия ба Тоҷикистон 380 миллион рубл мефиристад

АХБОРИ ОҶИЛ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Русия ба Тоҷикистон 380 миллион рубл мефиристад

Ҳукумати Русия барои кумак ба панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ аз будҷаи давлат ҳудуди 378 миллион рубл ихтисос хоҳад дод.

Фармони дахлдор, ки Михаил Мишустин-нахуствазири Русия имзо кардааст, рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.

"Ба Вазорати маорифи Русия барои соли 2022 маблағҳои буҷетӣ ҳамчун кумак ба 5 муассисаи муштараки таҳсилоти умумии Русия ва Тоҷикистон, ки дар доираи татбиқи созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҷудо карда шавад", - омадааст дар санад.

Тибқи ин санад, ҳаҷми умумии маблағе, ки барои ташкил ва фаъолияти ин мактабҳо ҷудо мешавад, ҳудуди 378 миллион рублро ташкил медиҳад.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.

Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.

Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.



Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.