расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ӯзбекистон ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Ӯзбекистон ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

Ӯзбекистон дар робита ба заминҷунбии мудҳиш дар Афғонистон, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт, ба мардуми ин сарзамин изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар номаи ҳамдардӣ, ки дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар онро нашр намудааст, омадааст: "мо ба наздикони ҳалокшудагон таслияти самимии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем".

Дар идома зикр шудааст, ки ҳукумати Ӯзбекистон омодааст ба мардуми бародари Афғонистон барои рафъи оқибатҳои фоҷиаи табиӣ ҳарчӣ зудтар кумак расонад.

То нашр шудани ин хабар, ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми азиятдидаи Афғонистон расман тасаллият ироа накарда буд.

Ёдовар мешавем, заминларзае, ки шаби 21 ба 22 июн дар Афғонистон сурат гирифт, наздики ҳазор кушта ва беш аз 1,5 ҳазор нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.

Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.

Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.

Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.

Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.

“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.