расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Парвозҳои мустақими Душанбе-Теҳрон 13 июн оғоз мешаванд: дар сафари Раҳмон мувофиқа шуда буд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Парвозҳои мустақими Душанбе-Теҳрон 13 июн оғоз мешаванд: дар сафари Раҳмон мувофиқа шуда буд


Парвозҳои мустқими ҳавопаймо дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон 13-уми июн оғоз мешаванд. Дар ин бораи хабаргузории “Ирно”-и Эрон дар такя ба вазири роҳу шаҳрсозии ин кишвар Рустам Қосимӣ хабар медиҳад.
Рустам Қосимӣ гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи ҳосилшуда дар сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон рӯзи 13-уми июн парвозҳои мустақими ду кишвар оғоз мешаванд, ки ҳафтае ду парвоз анҷом мешавад.
Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон гуфтааст, ки мувофиқи тавофуқ теъдоди парвозҳо оҳиста-оҳиста то чаҳор парвоз дар як ҳафта бояд расонда шавад.
Дар охири моҳи апрел Оҷонси ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон  ҳам ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки ин парвозҳоро роҳандозӣ мекунад.
Оҷонсӣ гуфта буд, ки дар оғоз парвозҳоро дар ин хатсайр ширкати Iran air анҷом медиҳад.
“Iran air дар як ҳафта ду парвоз анҷом медиҳад. Дар идома вобаста ба имкониат ширкати «Сомон Эйр» ҳам дар ин масир парвоз анҷом хоҳад дод», - гуфта буданд дар ин ниҳод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.