расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Сомон Эйр” барои ба ҳаҷ бурдани зойирин 23 парвоз анҷом медиҳад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Дин

“Сомон Эйр” барои ба ҳаҷ бурдани зойирин 23 парвоз анҷом медиҳад


Барои ба ҳаҷ бурдани зойирин аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон Эйр” иҷрои 23 парвозро ба нақша гирифтаааст, хабар доданд аз хадамоти матбуоти ширкати мазкур.
Иҷрои парвози аввалин рӯзи 20 июн дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан зикр гардида буд, гуруҳи аввалини зойирини тоҷик рӯзи 20 июн ба макони муқаддаси ислом раҳсипор шуда, бозгашташон аз адои маросими ҳаҷ рӯзи 17 июл пешбинӣ шудааст.
Дар соли 2022 арзиши адои маросими ҳаҷ барои шарвандони Тоҷикистон 61 ҳазор сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шудааст, ки 25 ҳазор сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст. Он замон нархи адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён ба 35 ҳазор сомонӣ (2 ҳазору 750 доллар тибқи қурби ҳамонвақта) баробар буд.
Қобили зикр аст, ки аз Тоҷикистон сокинони синни аз 40 то 65-сола ба маросими ҳаҷ фиристода мешаванд.
Мувофиқи маълумоти хабаргузории Саудӣ бо истинод ба Вазорати ҳаҷ ва умра, имсол адои маросими ҳаҷ ба шахсони то 65-солаи аз коронавирус эмгирифта иҷоза дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 бо қарори ҳукумати Арабистони Саудӣ дар адои маросими ҳаҷ маҳдудиятҳои ҷорӣ шуда, сафар ба ҳаҷ ғайриимкон гардида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.