расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ҲАЛОКАТИ ЧӮПОН ВА 15 САР ЧОРВО АЗ ЗАРБАИ РАЪДУ БАРҚ ДАР САҒИРДАШТИ ДАРВОЗ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАЛОКАТИ ЧӮПОН ВА 15 САР ЧОРВО АЗ ЗАРБАИ РАЪДУ БАРҚ ДАР САҒИРДАШТИ ДАРВОЗ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 13 июни соли 2022 хабар дод, ки тайи рӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зарбаи раъду барқ боиси ҳалокати як чӯпон бо 15 сар чорвояш ва ҷароҳат бардоштани як зани дигар шудааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 12 июн ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи Сафедсанг дар ҳудуди ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз раъду барқ рӯй дода, аз зарбаи он як чӯпони 27-сола аз ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон ба ҳалокат расидааст. Бар асари ин офати табиӣ 15 сар чорво низ нобуд шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз як зани 43-соларо дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар рӯи ҳавлиаш раъду барқ задааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин занро дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ кардаанд.
Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар тӯли соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон 359 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рӯй додааст, ки ин назар ба 213 чунин ҳодиса дар соли 2020 64% бештар аст.  Аммо омори такондиҳандатар шумораи қурбониҳост: Соли 2021 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 42 нафар ҳалок шудаанд. Ин назар ба 8 қурбонии офатҳои табиӣ дар як соли қабл беш аз 5 маротиба (!!!) зиёдтар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.