расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мо ба Саразм кумак мекунем, аммо…

. / Ҷомеа

Мо ба Саразм кумак мекунем, аммо…



Соҳибкорону тоҷирони шаҳри Панҷакент нигаронӣ аз он мекунанд, агарчи онҳо андозҳояшонро сари вақт месупоранд ва барои ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ кўмакҳо карда истодаанд, вале як гуруҳи кории Раёсати андози вилояти Суғд як моҳ мешавад, онҳоро дар азият гузоштаанд.Ин тоҷирон мегўянд, бар хилофи таъкиду дастурҳои Ҷаноби Олӣ намояндаҳои андоз иддао доштаанд, ки ба ҷуз андозҳои муқарраршуда пардохти пешакии андозро ба таври иҷборӣ биспоранд.
Як тан соҳибкор, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт ин намояндагони гуруҳи корӣ ба коргоҳи эшон омада баъди тафтиши ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима патент ва шаҳодатномаҳояшонро гирифта бо худ мебурдаанду баъд бо навбат занг зада даъват мекардаанду маблағ меситонидаанд.
«Мо мегўем, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои мо қонунӣ ва ҳамаи талаботҳои андозро риоя мекунем. Чаро патенту шаҳодатномаҳоямонро гирифта мебаред, онҳо мегўянд, ки даркор шавад даҳто «причина» меёбем, барои шуморо ҷарима кардан. Маҷбурем хомўш истему ба гуфтаашон кор кунем».
Ин дар ҳолест, ки ҳамин гуруҳи корӣ соли гузашта низ ба Панҷакент омадаву бо талаботҳои ғайриқонунии худ тоҷиронро ба дод оварда буданд. Дар ин бобат дар шабакаҳои ичтимоӣ маводҳо чоп шудаву баъди он, ин гуруҳи корӣ аз Панҷакент ғайб зада буд. Маълум мешавад, ки баъди як сол боз ин гуруҳи корӣ ба Панҷакент омадаву дар арафаи 29-солагии Истиқлолият ва 5500-солагии Саразми бостонӣ тоҷирону соҳибкоронро боз ҳам ғайриқонунӣ ба дод овардаанд.
Назар ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ ин рафтору амалиёти гуруҳи кори Раёсати андози вилоят Суғд ба дараҷае расидааст, ки тоҷирон дарҳои дўкону коргоҳҳояшонро баста аз ин ҷабру талаботҳои бе асоси ин гуруҳи «зудамал» фирор мекардаанд.
Тоҷирон мегуянд ин гуруҳ як амрномаеро, ки маълум нест он тибқи кадом қонун будааст, нишон додаву молиёти иловагӣ талаб мекардаанд. Бе ин ҳам мо барои ҷашни 5500-солагии Саразми бостониамон кўмакҳои молӣ карда истодаем ва кўмаки худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедорем. Инро ҳукумати шаҳр хуб медонад ва мо ҳамеша дар хизматашон будем, ҳастем ва мемонем.
Соҳибкорону тоҷирон мегўянд дар сурати пеши роҳи ин гуруҳи «зудамал»-ро нагирифтани масъулин онҳо ба Президенти кишвар муроҷиат хоҳанд кард.
Джана Ашурова

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.