расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбекистон 0:2 бохт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш

Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбекистон 0:2 бохт


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷ
икистон (U-16) рӯзи 18-уми май бозиашро дар даври чорум дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо тими +збекистон бо ҳисоби 0:2 бохт.
Шоми 18-уми май дар бозии дигари ин давр дастаи наврасони Эрон  тими ҳамтоёни худ аз Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. 
Пирӯзи мусобиқоти наврасони CAFA-2022 дар даври хотимавии ин мусобиқот, рӯзи ҷумъаи 20-уми май муайян мешавад.  Дар ин рӯз бозиҳо миёни Қирғизистону Ӯзбекистон (соати 18.00) ва Тоҷикистону Эрон (соати 21.00) дар назар аст. 
Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 20-уми май идома хоҳанд кард.
Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • OKBet | Гости

    Interesting and amazing how your post is! It Is Useful and helpful for me That I like it very much, and I am looking forward to Hearing from your next.

    OKBet app 

  • ok bet | Гости


    It’s actually a nice and helpful piece of info. I’m happy that you shared this helpful information with us. Please stay us up to date like this.Thank's  for sharing.

    Here is My Homepage: OKBet

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.