расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Супориши Мирзонабот барои тезонидани бунёди манзил ба зарардидагони тарма дар Роштқалъа

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Супориши Мирзонабот барои тезонидани бунёди манзил ба зарардидагони тарма дар Роштқалъа

Тарма авохири моҳи март ду манзили сокинони Роштқалъаи ВМКБ-ро тахриб карда буд. Дар пайи ин ҳодисаи нохуш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба масъулин супориш дод, ки сохтмони манзил барои зарардидагони тарма дар ноҳияи Роштқаъларо тезонанд.
Ин дастурро раиси вилоят, зимни боздид аз ноҳияи дурдасти кишвар, додааст.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия дидан кардааст.
"Раиси вилоят бо соҳибони хонаҳое, ки бар асари фаромадани тарма зарар дида буданд, мулоқот намуда, барои тезонидани сохтмони хонаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин Мирзонабот рафти сохтмони беморхонаи замонавӣ, муассисаи таълимии чорошёна, корхонаи коркарди пашм ва дигар иншоотро санҷидааст.
Раиси вилоят аз ҷараёни киштукори баҳорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва иншооти ноҳия дидан карда, ба роҳбарият ва масъулини сохтмонҳо барои бо сифати баланд ва сари вақт омода намудани иншоот супориш додааст.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи март дар ноҳияи Роштқалъа тарма фаромад, ки ду манзили сокинони маҳаллиро тахриб кард.
Хушбахтона, талафоти ҷонӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта нашуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.